Дар майдони назди Хонаи маданияти шаҳраки Чоруқдаррон байни наврасону ҷавонон мусобиқа оид ба шоҳмот доир гардид. Дар он беш аз 30 нафар шоҳмотбозони наврасу ҷавон фаъолона иштирок намуданд.
Дар ҷамъбасти ниҳоии мусобиқа ҷойи якум насиби Мухбира Абдуалиева, ҷойи дуюм Абдуқодир Элибоев ва ҷойи сеюмро Султоншейх Султонов соҳиб шуданд. Аъзои ҳакамон инчунин ба маҳорати баланди шоҳмотбозии Имриддин Имориддинов ва Қушназар Гулмуродов баҳои баланд доданд. Дар ҷамъбаст ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол туҳфаҳо супорида шуд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Ситоди отряди сохтмониро ба истифода дода, бо Қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд
- ВОХӮРИИ МУФИД






Дар толори бахши муҳити зисти шаҳри Гулистон маҳфили бонувон таҳти унвони “Нақши зан дар ҷомеа” бо иштироки фаъолзанони маркази шаҳр баргузор гардид. Муовини раиси Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Санавбар Нуриллоева маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшид.
Дар шаҳри Гулистон рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзӯи «Конститутсия-бахтномаи миллат» тибқи нақшаи тасдиқгардида дар 43 корхонаву муассиса, идораву ташкилотҳои маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо бо намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва иштироки васеи ҷомеаҳои меҳнатӣ хониши сиёсӣ муташаккилона ба роҳ монда шуд.
17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи иншооти зарурӣ дар пойгоҳи таъминоти моддиву техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии мамлакат мулоқот карданд.
17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Пойгоҳи таъминоти моддию техникӣ оғоз бахшиданд.














