Матни равон

29 май дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ҷаласа сарони давлатҳои аъзои иттиҳод — Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, инчунин Молдова чун давлати нозир ва Тоҷикистон ҳамчун меҳмони фахрӣ иштирок намуданд.

Зимни суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама ба ҷониби Қазоқистон барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Иттиҳодро муносибатҳои зичи дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар асоси дуҷониба ва ҳам дар ҷаҳорчуби ИДМ ва СААД ба ҳам мепайвандад. Рушди босамари муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳо исботи ин гуфтаҳост.

28 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Нур-Султон бо нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот анҷом доданд.

Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои дӯстона доир гардид, Пешвои миллат   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкиди ҷараёни рушди бомуваффақияти муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳама арсаҳои ҳамкорӣ нақши хоссаи нахустин Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро дар ин раванд махсус қайд карданд.

Зимнан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози итминон намуданд, ки ҷонибҳо бо саъю талошҳои муштараки минбаъда ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистонро ба зинаҳои нав хоҳанд баровард.

28 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Шойгуро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки рушди минбаъдаи маҷмуъи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо мебошад.

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, вазъ ва дурнамои ҳамгироии кишварҳо дар ин соҳаҳоро баррасӣ карданд.

Дар идомаи боздиди корӣ дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои ёрирасони назди Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат дидан карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи кишти тирамоҳии маҳсулот соли 2018 дар масоҳати умумии 215 гектар замин пиёзу картошкаи баҳорӣ ва ҷаву гандум кошта шуд. Баҳори имсол бошад, кишту парвариши кадуву лаблабу, караму сабзӣ, пиёзу картошкаи тирамоҳӣ ва дигар сабзавот дар масоҳати 114 гектар замин гузаронида шуд. Имрӯзҳо хоҷагиҳои ёрирасони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Лахш, Ховалинг, Рӯшон, Ишкошим, Панҷакент, Исфара ва Кӯҳистони Мастчоҳ амал мекунанд, ки дар онҳо истифодаи мақсадноки неъматҳои табиӣ ба таври матлуб ба роҳ монда шудааст.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2176
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2465
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7049
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15922
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:38228
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:64236
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9153715

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?