Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷамъомади ботантана ба ифтихори Рӯзи кормандони нозироти андоз баргузор тгардид.
Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода кормандони мақомоти нозироти андозро бо иди касбиашон шод намуд. Зикр гардид, ки дар солҳои истиқлолияти давлатӣ сиёсати андозбандӣ ва андозситонӣ на танҳо дар мадди аввали сиёсати молиявӣ-иқтисодии кишвар қарор дорад, инчунин барои ғанӣ гардондани даромади буҷети давлат онро такмил дода, тағйироту иловаҳои нав ба нав ворид мегардад.
Мақсади асосии сиёсати андозу буҷет сафарбар намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои молияи давлатӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар аст.






Дар толори бахши фарҳанг Фестивали шаҳрии «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Дар озмуни шаҳрӣ беш аз 80 нафар духтарону бонувон бо намоиши куртаи чакан аз рӯи 6 бахш “Беҳтариин либоси қадимаи чакан”, “Беҳтарин либоси кӯдакона», “Беҳтарин либоси рӯзмарра», “Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона”, “Беҳтарин либосҳои расмӣ”, “Беҳтарин навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ» бо пешниҳоди сӯзаниҳо, бо истфодаи рамзу унсурҳои фарҳанги миллӣ, нақшу нигор ва гулҳои рангоранг манзур карда шуданд.
Баҳри тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш бахшида ба «Як моҳи ҷавонӣ» таҳти унвони «Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат!» ва ба ифтихори 74-солагии Рӯзи Ғалаба дар кӯчаи асосии маркази шаҳри Гулистон марафони велосипедронӣ ва дар Боғи навбундёди даромадгоҳи шаҳр мусобиқаи шашкаву шоҳмот дар байни наврасону ҷавонон ва сокинони маҳал ташкил ва баргузор гардид.
Тибқи нақшаи кории кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон озмуни идрорпулии ҲХДТ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи Барномаи ҲХДТ барои дарёфти гирандагони Стипендияи ҲХДТ ташкил ва баргузор карда шуд.
Ҳамватанони азиз!
















