Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ташриф оварданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди маҷмааи ёдгории сарбозону афсарон, ки дар ҳифзи сарҳади давлатӣ ҳалок шудаанд, бо нишони эҳтиром гулчанбар гузоштанд.
Сипас Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ суханронӣ намуда, ба онҳо ва кулли хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат 25-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик гуфтанд ва дар иҷрои вазифаи муқаддаси ҳарбӣ далериву шуҷоат ва шарафу комёбӣ орзу намуданд.






28 май дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Гимназияи ҳарбии ба номи ворисони «Куруши Кабир»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.
28 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Маркази идоракунии Сарҳади давлатии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.















