Дар толори гӯштин чемпионати марҳилавии интихобии якуми шаҳри Гулистон оид ба гӯштини тарзи юнонӣ-румӣ байни наврасону ҷавонон, бахшида ба 26-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид.
Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба тамрини мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғибу ташвиқи гӯштини тарзи юнонӣ-румӣ байни наврасону ҷавонон дар шаҳр, баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби шаҳри Гулистон оид ба намуди гӯштини юнонӣ-румӣ байни наврасону ҷавонон беш аз 50 варзишгар дар мусобиқаи марҳилавӣ ва интихоботӣ иштирок намуданд.






Субҳи рӯзи шанбе дар муассисаҳои таълимӣ, байни сокинони шаҳру шаҳракҳои Гулистон машқҳои пагоҳирӯзӣ бо мақсади солимии ҷавонон ва наврасон, оммавигардонии варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим таҳти унвони «Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!» бо ҷалби зиёда аз 800 нафар ҷавонону наврасон ва варзишгарон баргузор гардид.
Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии виляоти Суғд ва дастури Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар толори ҷамоати шаҳраки Сирдарё мулоқоти интихолбкунандагон бо вакили Маҷлиси вакилони ахлқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии № 15 «Қайроққум», раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода баргузор гардид. Вохӯриро мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Илҳом Мадализода ҳусни оғоз бахшид.
Дар толори бахши муҳити зисти шаҳр маҷлиси Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон оид ба ҳолатҳои фавқулода таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода баргузор гардид.
КОНСОЙ.















