Ба ифтихори Рӯзи Модар дар муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон бо ташаббуси роҳбарони маҳфилҳои "Дастони моҳир", "Кешбофӣ" ва "Бофандагӣ" озмуни "Модар фаришта аст" баргузор гардид.
Дар озмун иштирокчиёни маҳфилҳо фаъолона иштирок намуда, ҳунарҳои худро нишон доданд. Ҳар як иштирокчии маҳфил дар навбати аввал дар васфи Зан-Модар шеърҳоро қироат намуда, сипас ҳунари омода намудани хӯриш ва дигар анвои таомҳо, тарзи кокулбофӣ, тарзи дасторхонороӣ ва либосҳои миллиро нишон доданд.
Ҳамчунин, иштирокчиён бо суруду тарона ва рақсҳои дилнишин баромад карданд. Дар интиҳо ба ғолибон ва иштирокчиёни озмун туҳфаҳо супорида шуданд.







Дар муассисаи таълимии томактабии №5-и "Офтобак"-и шаҳраки Чоруқдаррон (сарвараш Муҳаррама Набиева) конференсияи илмӣ-адабӣ ва чорабинии фарҳангӣ-тарбиявӣ дар мавзӯъҳои “Пешвои миллат ҳомӣ ва такягоҳи аҳли маориф” ва “Модар офарандаи инсонҳо” гузаронида шуд.
28 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар толори бахши муҳити зисти шаҳри Гулистон маҷлиси раёсати кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ баргузор гардид. Доир ба вазифаҳои аъзои ҳизб дар партави суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ аз 7-уми феврали соли 2019 раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Муслимахон Ҷамолиён маърӯза намуд. 















