Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода машварати корӣ доир гардид.
Машваратро иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон бо суханони муқаддимавӣ ҳусни оғоз бахшида, зикр карда шуд, ки дар баробари татбиқи саривақтии вазифаҳои муайянгардида, истифодаи самараноки маблағҳои мавҷуда, пешрафти босуботи иқтисодиёт, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва бунёди иншооти хурду бузург, ки ба беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат намуданд, дар шаҳр боз захираҳо, имкониятҳое, ки то ба имрӯз истифода нашудаанд, мавҷуданд. Бояд ин захираҳо самаранок истифода бурда шаванд.






Дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати халқпарвонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар арафаи ҳар иду айём ин зумра ашхос аз тарафи мақомоти маҳаллӣ, корхонаву муассиса, ташкилоту идораҳо новобаста аз шакли моликияташон ба меҳрубониву ғамхориҳои доимӣ фаро гирифта мешаванд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
Дар толори Маркази фароғатии “Манижа” бо датсгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ибтикори бонуи соҳибкор, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, роҳбари Фонди хайриявии “Бунёди шафқат” Турсуной Зокирова барои 200 нафар мактабиён аз оилаҳои камбизоат, бачаҳои имконияташон маҳдуд ва бепарастор чароғаки солинавӣ бо оростани дастархони идона, намоиши театрикунонидашудаи солинавӣ ва консерти идона ташкил ва гузаронида шуд.
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии “24-солагии Истиқлолият”-и шаҳри Гулистон рӯзи душанбе ба ифтихори ҷашни Соли нави милодии 2019-ум таҳти унвони “Хуш омадӣ, эй соли нави милодӣ!” чорабиниҳои солинавии муасисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва коллеҷи тиббӣ тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оғоз гардид.














