Муҳтарам кормандони соҳаи энергетика!
Ҳар сол 22-юми декабр дар Тоҷикистони соҳибистиклоли мо иди касбии кормандони соҳаи барқ – Рӯзи энергетика ботантана ва хотирмон таҷлил мегардад.
Ба даст овардани истиқлолияти энерегетикӣ яке аз ҳадафҳои асосии мамлакат маҳсуб ёфта, дар ин замина дар партави сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи энергетика дар даврони истиқлолият ба рушди бесобиқа ноил гардид. Ба кор андохтани чархаи аввали Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар таърихи Тоҷикистон бо хати зарҳал навишта шуда, нишонаи иродаи матини мардуми тоҷик ва Давлати соҳибистиқлол мебошад.






Дар толории муассисаи давлатии таълимии № 1-и маркази шаҳр мулоқоти омӯзгорон ва мактабиён бо намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) баргузор гардид.
Дар толори варзии муассисаи давлатии таълимии №1-и шаҳри Гулистон мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии “Ватанпарвар” дар байни 6 дастаи муассисаҳои таълимии шаҳр хеле хотирмон ба вуқӯъ пайваст. 















