Матни равон

Наврўз, ки чанд сол аст, тибқи муқаррароти Созмони Милали Муттаҳид дар тамоми дунё санаи 21 март мавриди таҷлили саросарӣ қарор мегирад, дар баробари дигар муқаддасоти миллию аҷдодӣ аз муқаддасаи муҳим ва арзишманди таърихи фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ маҳсуб ёфта, бори масъулияти ҳамзистию ҳамгироии милалу халқиятҳои қаламрави Тоҷикистонро бар дўш дорад. Собиқаи таърихӣ ва фарҳангии ин ҷашни инсонсоз гувоҳӣ медиҳад, ки он ҳамеша ҷонибдори саодату пирўзии навъи башар буда, инсонро ба сўйи ҳамдигарфаҳмию вафодорӣ, некуйиву меҳрварзӣ, хирадмандию ақлгаройӣ, собитқадамию устуворӣ, хештандорию худогоҳӣ, худшиносию ҳувиятписандӣ ҳидоят намудааст ва бо гузашти қарну асрҳои мутамодӣ суннату ойинҳои Наврўз имрўз ҳам на танҳо дархўри ҷомеа мебошанд, балки дар таҳрики худогоҳию худшиносии милливу мардумӣ нақши калидӣ доранд. Маҳз ҳамин нукта боис гардид, ки Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврўзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ шинохт ва таҷлили саросарии онро дар манотиқи мутааддади сайёра тавсия дод.

Дар асоси дастури Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ шурӯъ аз аз санаи 16-уми марти соли равон дар 30 маҳаллаҳои маркази шаҳр ва шаш ҷамоати шаҳракҳои Гулистон ва тибқи нақшаи тасдиқгардида дар чорабиниҳои наврӯзӣ бо пухтани сумалак ҷараён дорад.

ЧОРУҚДАРРОН. Вобаста ба ин, дар шаҳраки Чоруқдаррон рӯзи 16-уми март бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз дар се маҳаллаи шаҳрак – маҳаллаи рақамҳои 1,2 ва 5 бо иштироки сокинон ва меҳмонон тантанаҳои идонаи наврӯзӣ баргузор карда шуданд.

Дар тантанаҳои идона пухтани суманак, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, гулгардонӣ, бозиҳои миллӣ ва дигар расму оини наврӯзӣ намоиш дода шуда, барои қишри ниёзманди аҳолӣ оши хайриявӣ ва аёдати барҷомондагон баргузор карда шуданд.

15 март бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ муаррифии нахустин консерти Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ ҳайати корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва намояндагони аҳли фарҳангу адаб иштирок карданд.

Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2016 таъсис дода шудааст. Он коргоҳи навтаъсиси санъати мусиқии касбии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад.

15 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сохтмони варзишгоҳ барои 30 ҳазор ҷойи нишаст оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи бунёди варзишгоҳи муҳташам шинос шуданд.

Ин иншооти калон дар масоҳати беш аз 9 гектар сохта мешавад ва дар он барои баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишию фарҳангӣ шароити муосир фароҳам оварда хоҳад шуд.

Тавре зимни муаррифии лоиҳаи иншооти варзишӣ иттилоъ дода шуд, дар ҳудуди он бунёди биноҳои ёрирасон ва таваққуфгоҳ барои мошинҳо низ ба нақша гирифта шудааст. Варзишгоҳ аз чор минбар, ки дар ду сатҳ ҷойгир шудаанд, иборат мебошад.

15 март дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марҳилаи якуми корхонаи мебелсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бисот” иштирок намуданд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур дар майдони қариб як гектар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Иззатулло Давлатов бо харҷи беш аз 27 миллион сомонӣ сохта шуда, дар ин ҷо асосан номгӯи зиёди мебел, аз қабили мизу курсиҳо барои хона ва муассисаҳои таълимӣ, мебел барои коргоҳу ошхона, маҷмӯи мебел барои манзилҳои истиқоматӣ ва дарҳои байниҳуҷравии замонавӣ истеҳсол карда мешавад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:6736
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:6255
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6736
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:25429
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:22409
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10092891

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?