Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар давоми соли 2017 ба маблағи 3 миллиарду 526 миллиону 706,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 114,8 фоизро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба маблағи 454,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин 99,4%-и ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 0,6%-и он ба хизматрасонии пулакӣ ва ба бахши соҳибкорони шаҳр мансуб аст.
Дар давоми соли 2017 аз 26 корхонаи саноатии шаҳр 18-тои онҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,3% то ба 1158,8% (11,6 маротиба зиёд) расонида, иҷрои онро барзиёд таъмин намуданд.