Бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеа бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Зан ва ҷомеа» бо занону духтарони хонашин ташкил ва баргузор гардид.
Дар ифтитоҳ Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, оид ба ҳадафҳои гузаронидани семинари омӯзишӣ баромад намуда, қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо борҳо таъкид намуданд, ки, аз «Модари солим, фарзанди солим ба дунё меояд, мо бояд баҳри тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим саъю талош намоем».






26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Маминро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Мувофиқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар толори меҳмонхонаи «Авесто»-и шаҳри Душанбе вохӯрии Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо донишҷӯёни гулистонӣ доир гардид.
Ба маълумоти сокинони шаҳри Гулистон расонида мешавад, ки бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр телефони боварӣ таҳти рақами 92-977-33-55 ташкил карда шудааст.
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази «Дурахшон» бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода ва ятимон кулл ҳамоиш доир гардид.












