Ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва шанбе тибқи равзанаи ягона қабули шаҳрвандон аз тарафи Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ба вуқӯъ мепайвандад.
Дар қабули шаҳрвандон муовини раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ ва мудирони шуъбаву бахшҳо ва зерсохторхои мақомоти иҷроияи ширкат меварзанд. Дар рӯзи қабул шаҳрвандон асосан оид ба ҳаллу фасли масъалаҳои таъмин бо ҷойи кор, ёрии моддӣ, шуғлнокӣ, хизматрасонии коммуналӣ, вазъи иҷтимоӣ ва дигар масоил рӯзгору маишати хеш муроҷиат менамоянд.






Ба ифтихори 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо ҳамроҳии Раҳматулло Файззода сармутахассиси раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидамин Исомаддинзода намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ягона иштирокчиии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Воҳид Самадови 94-соларо дар хонаи собиқадори ҷангу меҳнат аёдат намуданд.
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти индоз ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба фаъолияти кормандони нозироти андози шаҳр, ғанигардонии буҷет, кор бо андозсупорандагони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тақвияти корҳои ташвиқотӣ-тарғиботӣ дар байни сокинон доир ба шарҳу тавзеҳи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон моҳонаи ҷавонӣ оғоз гардид. Ба ин муносибат дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мулоқоти Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо ҷавонони фаъол – намояндагон аз соҳаҳои мухталифи хоҷагиии халқи шаҳр баргузор гардид.
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «24-солагии Истиқлолият» бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Меҳнат – шараф аст» бо иштироки намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву ташкилот, муассисаву идора ва ҷамоати шаҳракҳо доир гардид.













