Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мулоқоти Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо ҷавонони фаъоли соҳаҳои хоҷагии халқ, гирандагони стипендияи Раиси шаҳр, иштирокчиёни ҳафтаи худидоракунӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид.
Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода зимни суханронии худ тазаккур дод, ки Тоҷикистон аз қабили кишварҳоест, ки дар як давраи начандон зиёди баъди ба даст овардани Истиқлолияти комил дар арсаи байналмилалӣ обрўву эътибор пайдо карда, мавқеи хешро муайян намудааст. Дар шароити имрўзаи зиндагӣ назди мо вазифаҳое истодаанд, ки иҷро намудани онҳо баҳри таҳкими истиқлолият ва бақои давлату миллат аҳамияти калонеро доро мебошад. Асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро ғояи таҳкими истиқлолияти давлат, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандўстиву ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ ташкил медиҳад.