Имрӯз аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон онҳоро қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуд.
Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.






21 феврали соли 2018 дар арафаи таҷлили 25 — умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти муҳим ва дорои аҳамияти ҳарбӣ — Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бо мақсади шинос шудан ба ҷараёни фаъолияти корхонаҳои саноативу истеҳсолии воқеъ дар шаҳракҳои Чоруқдаррон ва Консой Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода ҳамроҳ бо мудирони шуъбаву бахшҳои иқтисод, саноат, корҳои дохилӣ, нозироти андоз, экология, барқ, маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ ва беморхона ба ин ҷамоатҳо сафари корӣ анҷом дод. Нахуст ба маркази атласу адрасбофии воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон ташриф оварда, ба дастранҷи кормандони он шинос шуд.
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо шароити нави бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пас аз навсозӣ шинос шуда, дар ҷаласаи Ассамблеяи 17-уми генералии Кумитаи олимпӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.















