Матни равон

Мусобиқаи байналмиллалӣ дар «Шоҳин»Имрӯз, 19 май дар маҷмаи варзишии ба номи «Абдураҳмони Ҷомӣ»-и шаҳри Қайроққум мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба футболи хурд бо иштироки тимҳои мунтахаби Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон оғоз ёфт.

Чорабинии мазкури варзишӣ дар доираи чорабиниҳои 30 - Рӯзи ҷавонӣ бо иштироки 200 нафар варзишгарон аз дохил ва хориҷи кишвар доир гардида, он барои рушду инкишофи футболи хурд мусоидат менамояд.

НБО-и Қайроққум соҳиби ҷоизаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд шудБонки аврупоии таҷдид ва рушд, ки аз дастандаркорони озмун барои беҳтарин барномаҳои бунёд ва таҷдиди нерӯгоҳҳои тавлиди барқ мебошад, лоиҳаи таҷдиди НБО-и Қайроқумро, ки аз ҷониби ширкати “Барқи Тоҷик” ба ин озмун пешбарӣ шуда буд, аз беҳтаринҳо арзёбӣ кард.

Ба иттилои роҳбарияти НБО-и Қайроқум санаи 15 май дар Гурҷистон ба намояндагони ширкати “Барқи тоҷик” барои ғолибият ҷоиза тақдим шудааст.

Дави миллӣБа варзиш машғул шудан боиси осоиши руҳу тани инсон аст. Беҳуда бузургон ашхоси ба варзиш машғулбударо ба табиб, дорую даво эҳтиёҷ надоранд, нагуфтаанд. Инчунин, варзиш кӯдакону наврасонро аз корҳои ношоиста, нашъамандию қаллобӣ, ғоратгарӣ ва амсоли ин гуна амалҳои зишт боздошта, онҳоро ба роҳи рост, меҳру муҳаббат ба ватану модар ҳидоят намуда, обутоб медиҳад.

Субҳи якшанбе хурду калони сокинони шаҳр ба назди чорроҳаи Хадамоти оташнишонӣ ҷамъ омаданд. Чорабинии анъанавии Дави миллӣ оғоз ёфт. Маросими ҷамъбасти маъракаи варзишӣ дар назди бозори «Пӯлодиён» доир гардид.

Ҳадаф: ғанӣ гардонии бозорБозорро оинаи шаҳр мегӯянд. Маҳсули меҳнати соҳибкорони хурду миёна маҳз дар ҳамин ҷо манзури харидор мешавад. Меҳнати соҳибкор ба рушди иқтисодии давлат мусоидат ва таъсир мерасонад. Фаъолияти «Бозори Қайроққум» талаботи аҳолиро қонеъ намекард.

Бо иқдоми Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода бо назардошта тозаю озода, ободу зебо ва дорои шароитҳои мусоид будани бозори хусусии Аваз Бобоназаров бозори шаҳрӣ гардид. Шаҳрвандон ва меҳмонон акнун метавонанд маҳсулотҳои ниёзи хешро аз инҷо дарёфт намоянд.

Таҷлили Рӯзи оила дар «Баҳористон»Оила дар ташаккули инсон аҳамияти муҳими аввалиндараҷа дошта, нахустин заминаи иҷтимоии шахс маҳсуб меёбад. Ин аст, ки дар кишвари мо аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат ба нақши оила дар пешравии ҷомеа таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мешавад.   «Соли оила» эълон шудани соли 2015 аз ҷониби Сарвари давлат, ин худ тасдиқи гуфтаҳои болост. Ҳадафи аслии  ин иқдоми Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон албатта, баланд бардоштани нақши оила дар ҷомеа буда, он ба тарбияи фарзанд ва тақвияти муносибатҳои хуби муошират байни аъзоёни оила равона шудааст.

Дар «Осоишгоҳи Баҳористон» чорабинии шаҳрӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила баргузор шуд. Маҳфил таҳти унвони «Оила – сарвати бебаҳои ҷомеа» мутобиқ ба нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум, кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ ва ҶСП «Осоишгоҳи Баҳористон» ба вуқӯъ пайваст.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:127
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4371
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:127
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15611
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:42899
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68472
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8387472

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?