19-уми март дар боғи фарҳангу фароғатии “24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-и маркази шаҳр бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода тантанаҳои бошукӯҳи наврӯзӣ баргузор гардиданд.
Наврӯзи имсола барои мардуми шарифи шаҳр хотирмону таърихӣ гардид. Зеро дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилал бо ҳидоят ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳр номи Гулистон дода шуд.
Он рӯз шаҳр қабои идона ба бар намудаву рӯҳияи мардумон ҷашниву баҳорона буд. То ҷашни Наврӯз ҳамарӯза ҳашарҳои ободонию сабзкорӣ гузаронида мешуд.






















