Матни равон

Хушбахтона, бархе аз ҳамдиёрон дар корҳои хайру савоб бо мақсади ободкориву созандагӣ, рушди истеҳсолот, таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кор, аёдати барҷомондагон, дастгирии ниёзмандон ва дигар корҳо саҳми шоиста доранд.

Яке аз чунин ашхоси саховатманд вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, директори генералии ҶМ ТКММ «Апрелевка» Бахтиёр Маҷидов мебошад. Дар арафаи фарорасии Баҳори дилрабо тарбиятгирандагони кӯдакистони «Уқобак»-ро ӯ шодию нишот бахшид. Барои тарбиятгирандагон вакили мардумӣ Бахтиёр Маҷидов 120 адад маҷмӯи ҷиҳози фароғатро чун армуғон пеш овард. Аз чунин иқдому амалҳои неки Бахтиёр Маҷидов мо интихобкунандагон, кулли сокинони шаҳраки Консой шоду мамнунем.

Барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатии зерин дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи қарори Раиси шаҳри Қайроққум №46, аз 15 феврали соли 2016 озмун эълон карда мешавад:

  • Мудири бахши бойгонии МИҲД-и шаҳр.
  • Сармутахассис (заминсоз)- и Ҷамоати шаҳраки Консой.
  • Сармутахассис (сармуҳосиб)- и Ҷамоати шаҳраки Адрасмон.
  • Мутахассиси пешбари бахши фарҳанг.
  • Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо.
  • Мутахассис-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Навгарзан.
  • Мутахассис-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон.
  • Мутахассис-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Консой.
  • Мутахассиси андози Ҷамоати шаҳраки Адрасмон.
  • Мутахассис-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Адрасмон.

Телефонҳо барои гирифтани маълумотҳои муфассал:

(83443) 2-46-11; (92) 706-51-51.

Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои

Дастгоҳи Раиси шаҳри Қайроққум

 

Бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дар шаҳри Чкалов бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ мусобиқаи кушод оид ба гуштини тарзи юнонӣ-румӣ баргузор гардид.

Дар он 120 варзишгарон аз шаҳрҳои Чкалов, Қайроққум ва ноҳияи Б.Ғафуров ширкат варзиданд. Дар даври ниҳоии мусобиқа намояндагони шаҳри мо Меҳроҷ Абдусафоев, Азиз Абдуллоев, Умед Тоҷибоев, Аҳмад Сафарзода, Муминҷон Отаҷоновро насиб гардид, ки дар вазнҳои хеш мақоми аввалро соҳибӣ намоянд.

Дастаи ноҳияи Б.Ғафуров сазовори ҷойи 3-юм, дастаи шаҳри Қайроққум ҷойи 2-юм ва дастаи шаҳри Чкалов мақоми аввалро ишғол намуданд.

Дар рӯзҳои иду арафа ва ҷашну маросимҳо аёдати табақаҳои ниёзманди ҷомеа ба ҳукми анъана даромадааст. Тавре дар яке аз баромадҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд “дасти сахо доштан яке аз беҳтарин хислатҳои неки инсонӣ буда, дар тарғиби ғояҳои инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ ва саховатпешагӣ дар байни ҷомеа нақши бузург мебозад”.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум ин дастури Президенти кишварро раҳнамои фаъолият қарор дода, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иҷтимоии рӯзгори онон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Субҳи 23-юми феврал бахшида ба 23 - солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маросими тӯҳфасупорӣ ба ҷанговарони байналмилал аз ҷониби Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода доир гардид. Баъдан дар толори “Кохи Истиқлол” ҳамоиши иди ҳомиёни кишвар бо ҳузури намояндагони ниҳодҳои қудратӣ ва ташкилоту корхона, Ҷамоати шаҳракҳо баргузор гашт.

Ҷамъомади идона бо ворид шудани Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода, ворид кардани Парчами миллӣ ба толор ва садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:250
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3132
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17014
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:28790
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:90926
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106205
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9650608

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?