Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр ҳамчун Рӯзи омӯзгорон эътироф шудааст ва чун рамзи эҳтирому эътиқод ва сипосмандӣ нисбат ба роҳбару раҳнамои маънавии аҳли ҷомеа таҷлил мегардад. Омӯзгор, воқеан ҳам, мақому мартабаи баланд дорад ва бархурдор аз эҳтироми ҳамагон аст.Аслан, бузургдошти омӯзгор барои халқи фарҳангсолори тоҷик анъанаи дерин буда, ба ин, ситоишномаҳои зиёди адабиёти пуровозаву ғаноатмандамон гувоҳӣ медиҳанд. Бузургони илму адаби тоҷик омӯзгорро «чароғи рӯзгор»-у «машъали хирад» ва «махзани маърифат»-у «ояндаи миллат» номидаанд.
1-уми октябр дар Кохи Истиқлол тантанаи Рӯзи омӯзгор ба вуқуъ омад. Ҳамоиши идона бо шодбошии Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ифтитоҳ ёфт. Зимни баромад Раиси шаҳр ёдовар шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадмандонаи хеш ба соҳаи маориф афзалият бахшидаанд ва дар ин замина, омӯзгорро маҳбубтарин шахси ҷомеа донистанд.






Устодону омӯзгорони арҷманд!
Маҳфили навбатии «Оилаи тифоқ» дар шаҳрак баргузор шуд. Муслимахон Исоқова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр оид ба муқаддасоти оила, пойдории он, пешгирии никоҳи бармаҳал ва сабабҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон ҳарф зад. Оилаҳои Ҷумъаевҳо, Ахмедовҳо ва Қосимовҳо аз ҳаёти тӯлонии якҷоя, роҳҳои дурусти тарбияи фарзанд ва муоширати боэҳтиромона байни аъзоёни оила ба иштирокдорони чорабинӣ нақлҳои муфид намуданд.













