19 Феврал 2016
17 феврал дар Кохи Истиқлол таҳти раёсати Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода оид ба лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Канститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ва нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот доир шуд.
Дар мулоқот сардорони ташкилоту корхонаҳо, мудирони шуъбаю бахши МИҲД, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони ҷангу меҳнат, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, раисони Ҷамоати шаҳракҳо, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва соҳоти дигар ширкат доштанд.
Нахуст Раиси шаҳр аз зарурати ворид кардани тағйиротхо ба Конститутсияи Тоҷикистон дар шароити кунунии ҷаҳони имрӯза ибрози назар карда, таъкид дошт, ки ҳадаф аз ин иқдом боз ҳам мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳким ёфтани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона шудааст.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири тамоми масоили иқтисодиву иҷтимоии кишвар буда, ҳар нуктаву дастуру пешниҳодот баҳри беҳбуд бахшидан ба сатҳи зиндагии мардум мебошад, ,- гуфт Матлубахон Амонзода, Раиси шаҳри Қайроққум.
Баъдан номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, устоди ДДҲБСТ Нарзулло Ахмедов, ёрдамчии бахш оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгохи иҷроияи Президенти ҶТ Шуҳрат Бӯриев, сардори шуъбаи шаҳрии дар Қайроққум будан Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд Хаёл Ҳакимов, сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Тоҳирҷон Баротов ба сухан баромада, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба тағйиру иловаҳои Конститутсия, муҳтавои Паём, яке аз мушкилоти умдаи ҷаҳони имрӯз – экстремизм ва терроризм ҷалб намуданд.
Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Муҳаммадҷон Файзуллоев, омӯзгори МТМУ-и №1 Иноят Азизова, хонандаи ҳамин мактаб Неъматҷон Неъматов ва муаллимаи МТМУ-и №8 Дилбар Қосимова ба музокира баромада, эътирози хешро оид ба зуҳуроти хатаровар – терроризм ва экстремизм баён дошта, ҳамзамон ҷонибдориашонро аз тағйироту иловаҳо ба Конститутсия ва дастури таҷассумгари ҳаёти босаодат Паём андешаҳои ҷолиб иброз намуданд.
Раиси шаҳр изҳори боварӣ кард, ки фаъолони шаҳр тадбирҳои фаҳмондадиҳиро нисбат ба зуҳуроти номатлуби ҷомеа вусъат дода, дар татбиқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, ки дар Паём ироа шудааст, саҳми шоён хоҳанд гузошт.