06 Март 2024
Санаи 05.03.2024 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр конфренсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Модар–бақои ҳаёт” бо иштироки ҷавондухтарони Коллеҷи тиббии шаҳр, муассисаҳои таълимии маркази шаҳр, ҷавондухтарони фаъоли ҷамоати шаҳракҳо, гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирандагони стипендияи раиси шаҳр ва бонувони фаъоли ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид.
Дар конфренсияи мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Исмоил Саидов мудири бахши адабиёт ва камолшиносии Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ, ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, Фаридуншоҳ Абдуллоев мутахассиси татбиқи забони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Матлуба Сатторова сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси олии кишвар доир ба ҷойгоҳ ва арзиши зан-модар чунин изҳор намуданд, ки: “Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд.
Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад”.
Ҳамчунин изҳор гардид, ки дар ҳар замоне сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рўи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад ва аз рўи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд. Аз ин рў, Ҳукумати Тоҷикистон ҳанўз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онњоро мутобиќи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад. Маҳз, ин таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Рамон дар самти баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар ҷомеа аст, ки то имрӯз як қатор барномаҳои давлатӣ дар ин соҳа амал мекунанд ва дар Паёми навбатии худ низ зикр намуданд, ки: “Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад”.
Бо баёни нақши занону бонувон дар рушди ҷомеа, тарбияи фарзанд, ҷойгоҳу арзиши зан – модар дар адабиёту таърихи куҳани миллати тоҷик, мавқеи онҳо дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии онҳо аз ҷониби суханроникунадагон қисмати илмии конфренсия ба анҷом расид.
Сипас, санъаткорони бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи консертии идонаро манзури иштирокчиён намуда, бо сурудҳои рӯҳнавозу дилпазир хотири ҳамагонро болида гардониданд.