01 Апрел 2024
Субҳи имрӯз, 01.04.2024 дар назди майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр маросими гусели ботантанаи наваскарон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни суханронӣ зикр намуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми марти соли 2024, №791 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ба тавсиб расид. Вобаста ба ин Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2024 ба эҳтиёт рухсат карда мешаванд.
Ҳамчунин, моҳҳои апрел-майи соли 2024 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷузъу томҳо даъват карда мешаванд.
Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар як давраи ҳассос арзи вуҷуд намуда, дар муддати на чандон тўлонӣ аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, такомул ва обутоб ёфт. Ҳоло Қувваҳои Мусаллаҳи мо ҳамчун неруи тавоно, муҷаҳҳаз ва муташаккил амнияти давлат ва осоиши кишварро таъмин менамояд.
Таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкил ва ба вуљуд овардани заминаи сиёсиву ҳуқуқии сохтори ҳарбии ҷумҳурӣ муваффақ шудем. Маҳз туфайли ғамхории пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ имрўз Артиши Миллии мо ба қувва ва сипари боэътимоди муҳофизкунанда табдил ёфтааст.
Дар ин маврид Пешвои муаззами миллат дар суханронии хеш ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар соли қаблӣ таъкид доштанд, ки: “Мо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии кишвар, яъне дар рӯзҳое, ки кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик воқеан ба миён омада буд, таъсис додем.
Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин равандро имрӯз низ идома дода истодааст”.
Таъкид карда шуд, ки хушбахтона, имрўзҳо садҳо нафар ҷавонписарон аз шаҳри Гулистон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона қарзи Ватан-Модарро ба иҷро расонида истодаанд.
Боиси хушнудист, ки дар рӯзи аввали даъвати баҳорӣ ҷамоати шаҳракҳои Чоруқдаррон, Зарнисор ва Навгарзан нақшаи даъватро ба пуррагӣ иҷро карданд.
Раиси шаҳр ба наваскарон роҳи сафеду сарбаландӣ ва хизмати содиқонаву сарбаландонаро таманно намуд.
Сипас, раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Гулистон Каромат Қосимова, модари даъватшаванда Гулноза Шерматова ва даъватшавандаи ихтиёрӣ маҳмадалӣ суханронӣ намуданд.
Дар маросими тантанавӣ ба як қатор даъватшавандагон, ки курсҳои ронандагиро ба итмом расонидаанд шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим карда шуд.
Сипас, чун анъана маросими нонгазонӣ ҷараён гирифт. Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барои болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ барномаи фарҳангӣ манзур намуданд.