09 Май 2024
Субҳи имрӯз, 09.05.2024 дар Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи “Темурмалик” дар пояи муҷассамаи “Ёдбуд” ба ифтихори 79-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 маросими ёдбуд бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони байналмилал, муҳофизони сохти конститутсионӣ, чернобелчиён, сокинони маркази шаҳр, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо ва корхонаву муассисаҳо баргузор карда шуд.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода дар пояи муҷассамаи “Ёдбуд” гулчанбар гузоштанд.
Сипас, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассисаҳо ва дигар сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ дар дар пояи муҷассамаи “Ёдбуд” гулчанбар гузоштанд.
Лозим ба зикр аст, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷумлаи фоҷиаҳои бузургтарини таърихи инсоният буд. Дар натиҷаи ин ҷанги хонумонсӯз ва нажодпарастона кишварҳои бисёре хароб, бештар аз 50 миллион одам қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд. Тоҷикистон низ дар ин ҷанг талафоти зиёде дод.
Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти ин ғалаба таъкид намудаанд, ки: «Ҳар як рӯзи пурфоҷиаи ҷанг барои халқҳои Шӯравӣ, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон як имтиҳони ҷиддӣ ва сабақӣ гардида буд. Имрӯз баъди гузаштани чандин даҳсолаҳо мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки халқи тоҷик якҷо бо халқу миллатҳои гуногун бар зидди мусибату машақатҳои бениҳоят вазнини ҷанг истодагарӣ карда, аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашт ва дар таъмини ғалабаи бузург бар фашизм саҳми муносиб гузошт”.
Нақши Тоҷикистон дар заҳмати шабонарӯзии ақибгоҳ низ хеле назаррас аст. Агар дар солҳои ҷанг ақибгоҳи мустаҳкаму тавоно намебуд ва фидокорию қаҳрамониҳои меҳнатии заҳматкашон намешуд, ҳаргиз мо ба ин ғалаба намерасидем. Дар он давраи мудҳиш мардуми мо – занону кӯдакон ва шахсони солхӯрда дар ақибгоҳ бо заҳмату вафидокории бемисл рӯзи ғалабаро наздик мекарданд. Шиори умумихалқии «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба» барои мардуми меҳнаткашони тоҷик низ шиори муқаддас гардид. Бо вуҷуди душвориҳои зиёд, дар фурсати кӯтоҳтарин халқи тоҷик дар ақибгоҳ фаъолияти тамоми сохторҳои иқтисодиёти ҷумҳуриро ба таъмини эҳтиёҷоти ҷабҳа равона намуданд.
Имрӯз хотираи он родмардони шуҷоатманди халқу Ватан, ки баҳри зиндагии орому осуда ва хуррами имрӯзаи мо дар набардҳои хунин ҷангида, дар барқарорсозии харобаҳову вайронаҳои оқибати мудҳиши он ва дар пешрафту рушди соҳаҳои хоҷагии халқамон ҷонфидо гардидаанд, абадӣ дар ёди мо нақш бастааст.