Матни равон

23-юми ноябри соли 2018, телевизиони «Настоящее время» бо иқтибос аз хабарнигори РИА Новости-Лидия Исамова, ки аз Абдусамадов Ҳусейн, аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ дар боздоштгоҳ мусоҳиба гирифтааст, намоишеро нишон дод,  ки рафти мурофиаи судиро бозгӯӣ мекунад.

Бо истинод ба маълумоти адвокат Абдуқаҳхори Қурбониён хабар дода мешавад, ки Суди олии Тоҷикистон рӯзи 21-уми ноябри соли 2018, террористи гузаро ва қотил Абдусамадов Ҳусейн, аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ-ро, ки 29-уми июли соли 2018 ба террористони хориҷӣ ҳамла карда, чанд нафари онҳоро кушт, ба ҳабси абад маҳкум кард. Ду тан аз мутаҳамони дигар Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев ба 16-соли зиндон маҳкум шуданд.

Падидаи ҷолиб ва фаромӯшнашуданӣ аз зовияи таърих он аст, ки Абдусамадов (минбаъд Нахӯдов)  пурра ва довталабона аз нақшаҳои тахрибкоронаи ҳизби террористии наҳзат парда бардошта, ба гуноҳи худ, ки дар ноором сохтани вазъияти чумҳурӣ ифода меёбад, иқрор шуд.

Ҳусейн Абдусамадов аз рӯи 9 иттиҳом дар додгоҳ посух гуфтааст. Ӯ аз ҷумла ба ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, терроризм, ифротгароӣ, одамкушӣ, ҷалби шаҳрвандон ба амалиёти мусаллаҳонаи дигар давлатҳо, муттаҳам шуд.

Қисмати муҳими мусоҳиба, изҳори акидаи  модари Абдусамадов мебошад, ки бо маълумоте ки дар бораи ҳодиса ва писараш дорад, гунаҳкорони асосӣ чи тавре ки интизор мерафт: Кабирӣ ва аъзои шӯрои раёсати олиро медонад, ки писарашро ба ин гумроҳӣ тела додаанд.

Он чи ки дар раванди баррасии парванда маълум шуд, гирифтани дастуру супоришҳои мустақими роҳбарияти ҳизби наҳзат ба ин тоифаи террористон ва сармоягузорӣ кардани онҳо тавассути миёнарави ТТЭ ҲНИ қорӣ Носир мебошад.

Барои ТТЭ ҲНИ таҳрик намудани ҳодисаи ҳангомасоз тавассути содир кардани амали террористӣ дар арафаи маҳфилҳои САҲА барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба обрӯи рехтаи ин ҳизб муҳим буд. Аз ин лиҳоз, роҳнамоӣ, маблағгузорӣ ва ҳавасмандгардонии ин гурӯҳ, пурра аз ҷониби ҲНИ сурат гирифтааст.

Коршиносони ворид дар ин масъала, мегӯянд, ки  ҲНИ таҷрибаи анҷом додани ин ҳилаҳоро дорад. Чунончи, дар солҳои 1993-1994 вақте ки ҷомеаи чаҳонӣ аз амалҳои бунёдгароҳои исломӣ ба даҳшат омада буданд ва ВАО-и ватанӣ ва хориҷи онҳоро рад мекарданд, ба ҳодисаҳои ҳаммонанд даст заданд. Сараввал, соли 1994 ба дидбонгоҳи 12-уми қушунҳои сарҳадӣ ФР воқеъ дар н.Ҳамадонӣ ҳамла карда, ними сарбозонро аз дами теғ гузаронданд.

Бо назардошти ин падидаи равшан гуфтан мумкин аст, ки даст доштани ҳизби наҳзат аз рӯйи дидгоҳи мутахассисон дар ин гуна амалиёти террористӣ як амри фаҳмо ва  қобили дарк мебошад.

Як ҳилаи шаръии ТТЭ ҲНИ дар ҳодисаи террористии  29-уми июл ба муқобили сайёҳони бегуноҳи хориҷӣ дар он баён мегардад, ки ин ҳизб таҳти пӯшиши ҳаракатҳои дигари террористӣ аз ҷумла ДОИШ баромад намуда, обрӯи дурӯғин касб мекунад.

 

Фирӯз Каҳрамонов, тахлилгар

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3379
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3379
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:54516
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8264028

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?