06 Июл 2015
Бо ибтикори Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ баҳри сазовор истиқбол гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва густариши корҳои ободкориву созандагӣ 500 рӯзи меҳнати зарбдор эълон гардидааст.
Бо ҳадафи дастгирӣ аз ин ташаббуси наҷиби Раиси вилоят қарори Раиси шаҳри Қайроққум таҳти №151, аз 22 июни соли 2015 «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор бахшида ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид.