31 Октябр 2016
Дар толори асосии Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 28 октябри соли равон Конференсияи байналхалқӣ таҳти унвони «Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ» баргузор гардид. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар Конференсия иштирок ва суханронӣ намуд. Раиси вилоят баргузории ин ҳамоиши илмии байналмилалиро аз тадбирҳои судманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар татбиқи дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили 700-солагии шоири ширинкаломи тоҷик Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ки соли 2020 баргузор хоҳад гашт, арзёбӣ намуд.
Дар конференсияи мазкур олимону донишмандони шинохта, камолшиносони шаҳир аз кишварҳои ИМА, Ҳиндустон, Олмон, Миср, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон, Покистон, ӯзбекистон, Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Гурӯҳи калони зиёиёни гулистонӣ – омӯзгорон, адибон ва собиқадорон низ дар ифтитоҳи ҳамоиши байналмилалӣ иштирок намуданд. Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Муҳаммадҷон Файзуллоев андешаҳои худро аз Конфронси мазкур чунин изҳор намуд:
- Бо чунин шукӯҳу шаҳомат ба вуқӯъ пайвастани ҳамоиши байналмилалӣ шоистаи таҳсин мебошад. Бароям маърӯзаи Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодири як ҷаҳон таассурот ва илҳом бахшид. Роиҷ ба зикр аст, ки тавассути сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари хирадманди давлати тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз фарҳанги худшиносии миллӣ ба омили асосии ҳастии миллат мубаддал гардида, бо тадбирҳои хирадмандонаи Пешвои миллат дар даврони Истиқлолият ҷашнҳои бузурги илмиву фарҳангӣ, ба монанди 1100-солагии Давлати Сомониён, 1000-солагии «Шоҳнома», 1150-солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва чандин ҷашнҳои дигар, ки ҳама нишонаи барҷастаи рушди худшиносии миллӣ ва илму адаб дар даврони Истиқлолият мебошанд, баргузор гардиданд. Ин иқдому ибтикорот дар тарғиби ғояҳои ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ, дурахшонии афзунтари илму маърифат ва густариши равобити маънавӣ таъсири амиқ гузошта, ҷомеаи моро дар таҳкими ғояҳои миллӣ собитқадамтар менамояд.