Матни равон

Дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон маросими ботантана гуселонидани даъватшавандагони гулистонӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода даъватшавандагонро ба ин муносибат таҳният намуд. Зикр карда шуд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад. Ташкил ва таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи кӯтоҳ ва хеле душвору сангин ба вуқӯъ пайваст.

Омӯзгорони арҷманд!

Касби омӯзгорӣ, фаъолияти ҳамарӯзаи муаллими ҳақиқӣ ва заҳматҳои пайвастааш дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас, тайёр кардани мутахассисон ва маърифатноксозии мардум сазовори иззату эҳтиром мебошад. Омӯзгор машъали фурӯзон аст, ки тинати мардумро нур мебахшад.

Нақши омӯзгор, махсусан дар даврони соҳибистиқлоли кишварамон  ба маротиб афзуд. Дар замони Истиқлолият дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии муассисаҳои таълимӣ дигаргуниҳои зиёде ба амал омад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллимро «Ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он» номидаанд. Ҳукумати Тоҷикистон баҳри пешрафти кори муаллим ва беҳбудии рӯзгори ӯ пайваста ғамхориҳо мекунад. Муқаррар гардидани як қатор имтиёзҳо барои муаллимон, таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба он хотир аст, ки омӯзгор тамоми донишу заковат, гармии дили хешро бедареғ ба фарзондони халқ бидиҳад ва ҳамзамон худро хушбахт шуморад.

2 октябри соли 2021 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар маркази шаҳр ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида шуд. Дар ярмарка маҳсулоти гуногуни истеъмолии ниёзи аввалла бо нархҳои дастрас ба аҳолӣ ба фурӯш гузошта шуданд.

Аз ҷумла нархи гӯшти гов-55 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд-60 сомонӣ, нархи орди навъӣ якум 55-сомонӣ барои 10кг, нархи тухм 23 сомонӣ барои як баста, маҳсулоти кишоварзӣ низ бо нархи дастрас  барои фурӯш гузошта шуд.

Ҳамин тавр, маҳсулоти ниёзи аввала то 10-15 фоиз арзонтар нисбат ба нархи бозор ба фурӯш гузошта шуд. Аҳолии шаҳр ин иқдоми наҷибро хуб пазируфта, миннатдории худро ба роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр иброз намуданд.

30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Красновро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, робитаҳои зич ва муҳими мақомоти прокуратураи кишварҳоро дар ҳамкории шарикии стратегии Тоҷикистону Русия махсус таъкид намуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот паҳлуҳои мухталифи ҳамкориро дар самти таъмини амният дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, кибер-ҷинояткорӣ, аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилӣ, ки бо таҳмили идеологияҳои гуногуни динии радикалӣ дар ҷомеа алоқаманданд, баррасӣ карданд.

Дар толори бахши фарҳанги шаҳр бахшида ба гиромидошти Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ибтидо мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Мадализода номаи табрикотии Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзодаро бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ манзур намуд. Зикр гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавассути сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр чеҳраҳои оламшумули адабиёту фарҳанги мо аз нав зинда ва хотираи онҳо абадӣ гардонида шуданд.

Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат ва тасдиқи созмони фарҳангии ЮНЕСКО соли 2007 дар Тоҷикистон ва дар тамоми дунё 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ботантана таҷлил карда шуда, адолати таърихӣ нисбати ин ҳакими бузурги давру замонҳо барқарор карда шуд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1553
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:654
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9541
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:7327
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:14408
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:24042
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9400177

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?