Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави аэровокзали Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷандро расман ба истифода доданд.
Бояд гуфт, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба ифтихори истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои бунёдкорӣ, созандагию ободонӣ вусъат ёфта, дар асоси нақшаҳои наву лоиҳаҳои замонавӣ инфрасохтори фурудгоҳ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ карда мешавад.
Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо ба мусофирон, таъмини сатҳи баланди бехатарии авиатсионӣ, бехатарии парвозҳо ва мутобиқ намудани инфрасохтори фурудгоҳ ба талаботу стандартҳои байналмилалӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи “Таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии техникии бинои аэровокзали Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” дар солҳои 2016-2021 амалӣ карда шуда, марҳилаи аввал-толори хизматрасонии пешазпарвозӣ ва қабули мусофирони бинои нави аэровокзал бо арзиши лоиҳавии зиёда аз 220 миллион сомонӣ аз ҳисоби воситаҳои молиявии фурудгоҳ бунёду муҷаҳҳаз карда шудааст.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд






Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ эҳтироми модар ва арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои модарони тоҷикро таъкид намуда, дар ситоишу васфи модар фармудаанд: «Модар — офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои толори вакилони расмии фурудгоҳро баъди навсозии куллӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ ифтитоҳ намуданд.
7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ, суҳбату мулоқот ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.














