Дар толори мактаби санъат мулоқоти гурӯҳи таблиғотӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати тарғибу ташвиқ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллии шаҳрвандон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мубориза бо зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизми динӣ бо иштироки фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид.
Вохӯриро мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Илҳом Мадализода ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Сипас, котиби илмии Муассисаи давлатии маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбек Маҳрамбеков, сармутахассиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муллоалӣ Алиев, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилоят Суҳроб Рустамзода ва раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён доир ба дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ дар давоми 30 сол, пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа, ҳифз ва таҳкими арзишҳои миллӣ, роҳҳои мубориза бо зуҳуроти терроризиму экстремизми динӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ суханронӣ намуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ иштирок намуданд
- Истиқболи самимии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хати оби ошомиданӣ дар шаҳри Хоруғ иштирок намуданд






Имруз 30.09.2021 дар толори хурди МИҲД-и шаҳри Гулистон иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр даъвати шашум баргузор гардид. Дар кори иҷлосия намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд- Тоҷибой Султонзода иштирок ва баромад кард. Кори иҷлосияро Бахтиёр Саидаҳмадзода Раиси шаҳри Гулистон ҳусни оғоз бахшида, ба баррасии он ҳафт масъаларо пешниҳод намуд.
Дар доираи бозиҳои даври шонздаҳуми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи дуюм минтақаи Суғд санаи 29.09.2021 дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон дар сафар бо дастаи “Саразми”-и шаҳри Панҷакент вохӯрӣ анҷом дод.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбии хизматчиёни низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ иштирок ва суханронӣ карданд.














