Соати чори субҳи имрӯз – 22-юми июли соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи санҷидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар тамоми қаламрави мамлакат бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.
Дар чорабинии зикршуда, ки таҳти унвони «Марз-2021» гузаронида шуд, 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар самтҳои амалиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаи ҷангӣ бароварда шуданд.
Ин чорабинӣ дар тамоми қаламрави кишвар доир шуда, соати ҳафти субҳ бо натиҷаҳои сатҳи баланд ҷамъбаст гардид.






Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Гулистон субҳи имрӯз дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2017, №970 «Дар бораи Низомномаи мудофиаи ҳудудӣ» ва нақшаи кории Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 имрӯз бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо ҷиҳати санҷиши омодабошии ҷангӣ, сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаҳои 16-ум ва 22-юми июли соли ҷорӣ, дар ҳудуди вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, ба нақша гирифта шудааст, чорабинии омодабошии ҳолати ҷангӣ баргузор гардид. Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода ҳисоботи Комиссари комиссариати ҳарбии шаҳрро дар бораи омодабошии ҳайати шахсӣ қабул намуда, пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳозирин суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки ҳадафи баргузории чорабинии мазкур пеш аз ҳама санҷиши омодабошии ҷангӣ, сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ, ҳамзамон сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагон, ҳамоҳангии сохторҳои низомии шаҳр ҳангоми ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти амалиётӣ-тактикӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рӯҳиву равонӣ, қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ ва сафарбарии қушӯнҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи ҷангиро дар бар мегирад.
19 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазир, муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, ёрдамчиёни Президент ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ, машварати корӣ доир карданд.
Ҳамватанони азиз!
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, тарғиби либоси миллӣ ва пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ вохӯрӣ доир гардид.














