16 июли соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳалли будубоши хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва тайёрии ҷангии қисму воҳидҳои низомии ин сохтор дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии гарнизони Хатлон шинос гардида, бо ҳайати захираҳои сафарбарии минтақаи мудофиаи ҳудудии вилоят суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд.
Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз пойгоҳи Отряди сарҳадии ҳудуди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон оғоз гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази баргузории чорабинӣ, ки дар он зиёда аз 2 ҳазор нафар ҳайати шахсии ҷузъу томҳои сарҳадӣ ва захираҳои сафарбарӣ саф кашида буданд, ташриф оварданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Press Center of the Border Troops of the State Committee for National Security Reports
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳо — иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш суҳбати телефонӣ анҷом доданд






Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон нишасти матбуотии Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода оид ба натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар шашмоҳаи аввали соли 2021 баргузор гардид, ки дар он намояндагони беш аз 40 воситаҳои ахбори умуми ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳр иштирок доштанд.













