Бегоҳии рӯзи 13 июли соли равон суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш доир гардид.
Дар оғози суҳбат Роҳбари давлати мо ҷаноби Антонио Гутерришро ба муносибати аз нав интихоб шуданаш ба мақоми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бори дигар табрик гуфта, таъкид карданд, ки Тоҷикистон ба рушду тавсеаи муносибатҳои худ бо ин сохтори фарогири ҳамкориҳои бисёрҷониба аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Дар ин қарина Пешвои миллат изҳори боварӣ намуданд, ки Созмони Милали Муттаҳид минбаъд низ ҷиҳати татбиқи пайгиронаи Рӯзномаи 2030, Ҳадафҳои Рушди Устувори он ва дигар қарорҳои Маҷмаи Умумии Созмон, ҳамчунин вокуниши муносиб ва муқовимати самаранок ба таҳдиду хатарҳои муосир талошҳои муассир ба харҷ хоҳад дод.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми арзандаи кишвари мо дар татбиқи масъалаҳои мубрами глобалӣ, аз ҷумла дар соҳаи об ёдовар шуда, ба иқдомҳои охири Тоҷикистон ҷиҳати эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва муайян намудани санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, инчунин таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ишора намуданд.