Таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи васеи Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус (COVID-19) баргузор гардид. Дар ҷаласа зикр гардид, ки тибқи иттилои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус — COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудани шаҳрвандон ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Вобаста ба ин таъкид карда шуд, ки ҳамоҳангии фаъолияти сохторњои дахлдорро дар самти назорати риояи қоидаҳои гигиени шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз ҷониби сокинон, назорати марказҳои хизматрасонию фарҳангӣ, андешидани чораҳои қатъии пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ, ҳамчунин бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус андешидани чораҳои зарурӣ ва пурзӯр намудани корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.






Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон фестивал-озмуни шаҳрии “Ҷилваи рангҳо” бо мақсади муаррифии сарулибоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, рушди саноати сабук, арҷ гузоштан ба фарҳанги либос ва ҳунари волои халқи тоҷик дар дўхти либосҳои миллӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ ва муосири кўдакону наврасон, духтарону ҷавонон, бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо иштироки бонувон ва духтарон, кормандони ташкилоту корхонаҳо ва ҷамоати шаҳракҳо дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардид.
Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бо мақсади зебою хуррам гардонидани муҳити зисти шаҳри Гулистон кӯчаҳои ба номи Истиқлол ва Ҷавонии маркази шаҳр роҳи автомобилгард мумфарш карда шуд.
23 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳо — иштирокчиёни вохӯрии 16-уми котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфтанд.














