Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба масъалаҳои банақшагирӣ, муайян намудани вазифаҳо, омодагии нуқтаҳои қабули эвакуатсионӣ, таъмин намудани нақлиёт барои эвакуатсияшавандагон доир гардид.
Ҷаласаро муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода ифтитоҳ бахшид. Сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон майор Ҳикматулло Амонов доир ба сохтори ташкилӣ-ҳуқуқии Комиссияи эвакуатсионии шаҳр маърӯза намуд. Зикр карда шуд, ки бо мақсади ташкили омодагӣ ва гузаронидани ҷойгиркунӣ, эвакуатсияи аҳолӣ ва арзишҳои моддӣ ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, инчунин ҳангоми таҳдиди истифодаи воситаҳои ҳозиразамони зарбазананда аз тарафи душман Комиссияи эвакуатсионӣ ҳамчун мақоми идора дар низоми мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Гулистон таъсис дода шудааст.
Сипас аъзои комиссия нақшаи чорабиниҳои эвакуатсиониро тасдиқ намуданд.






Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон семинари дастурӣ-методӣ таҳти унвони “Рушди забони давлатӣ – омили ҳастии миллат” баргузор гардид.
Дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон баргузор гардид. Дар озмун зиёда аз 40 нафар иштирокчиён аз маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои Гулистон аз рӯи номинатсияҳои сарояндагӣ ва навозандагии жанрҳои академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ ширкат варзиданд.
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доир намуданд.
Дирӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.














