29 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти ширкати байналмилалии «Гленкор» (Glencore International AG) Айван Глазенбергро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Швейтсария, баррасӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон беш аз 25 ширкати швейтсариягӣ ё ширкатҳои муштарак бо иштироки сармоягузорони Швейтсария дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва шарикии самараноки ширкати “Гленкор” бо “ТАЛКО” дар соҳаи истеҳсоли алюминий намунаи хуби чунин ҳамкориҳо мебошад. Ҳаҷми умумии гардиши тиҷорат миёни ду ширкат танҳо дар 5 соли охир беш аз як миллиард долларро ташкил дод.






Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 28-29 июни соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Пас аз анҷоми музокироти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.














