11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз мавзеи Баҳри Тоҷик, ки обанбори Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” ба ҳисоб маравад, боздид ба амал оварданд.
Обанбори Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” яке аз калонтарин обанборҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки дарозии он то 65 километр, паҳноияш аз 8 то 20 километр ва масоҳати сатҳи меъёрии иншоот 512 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Ҳаҷми обанбор 3 миллиарду 413 миллион метри мукааб буда, он таъиноти истеҳсоли неруи барқ ва обёрии заминҳои кишоварзии давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қазоқистонро ба уҳда дорад.
Тазаккур дода шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳост дар раванди геополитикии истифода ва тақсими одилонаи захираҳои обӣ талоши амиқ ба харҷ медиҳад. Инчунин, давлати мо, алалхусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои созандаи худ дар роҳи расидагӣ ба мушкилоти марбут ба об дар ҷаҳон мақоми шоистаро соҳиб шуда, чорумин ибтикори глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об-Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоли амалишавӣ қарор дорад. Ҷумҳурии мо аз оғози истиқлоли давлатии худ бо дарки нақши калидиаш дар захираҳои обӣ ва энергетикии минтақа дар раванди ҷаҳонӣ фаъолияти муассир дорад.






11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиëев дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд аз Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайроққум» дидан намуданд.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Қасри таърихии Арбоб бо аҳли зиё ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд.
Субҳи 11 июн Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар идомаи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри бостонии Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварданд.
Шоми рӯзи 10 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, дар бӯстонсарои шаҳрӣ зиёфати ғайрирасмӣ орост, ки бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.














