Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум оғоз гардид.
Раиси иҷлосия, Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода баъди гузаронидани муқаррароти пешбинишуда, иттилоъ дод, ки дар кори иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум аз 35 нафар вакилони интихобшуда 30 вакил иштирок дорад ва 5 нафар бо сабабҳои узрнок ҳузур надорад. Ҳамчунин дар кори иҷлосия роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, намояндагони воситаҳои ахбори умум даъват шудаанд. Дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси шаҳрӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода низ ширкат дошт.






Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
5 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нимаи дуюми дирӯз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.














