Ба истиқболи ҷашни 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар толори бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон озмуни Турсунзодахонӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.
Директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳр озмунро ҳусни оғоз бахшид. Дар озмун беш аз 50 нафар хонандагон аз рӯӣ ду зиннаи синнусолӣ байни ҳам рақобат намуданд. Озмунро устодони нуктасанҷ ҳакамӣ намуданд. Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамон ғолибон муайян гардиданд. Ғолибони мақоми аввал аз ду зинаи синнусолӣ ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд. Дар фарҷом ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия Анн Линдеро ба ҳузур пазируфтанд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд
- Таъмини иҷрои саривақтии супоришҳо






Дар кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон даври шаҳрии фестивал озмуни «Сад ранги чакан» баргузор гардид.
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
Тибқи нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон оид ба масълаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолтҳои фавқулода барои соли 2021 ва фармони сардори мудофиаи гражданӣ-Раиси шаҳр №2 аз 9-уми апрели соли 2021 санаи 19-уми апрели соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ ташкил ва гузарониданида шуд.
Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ҷаласаи фаъолони шаҳр доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми се моҳи аввали соли 2021 бо иштироки муовин ва иҷрокунандаи вазифаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, молия, нозироти андоз, роҳбарони корхона, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, раисони маҳаллаҳо, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, имомхатибон ва дигар фаъолон доир гардид.















