15 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия хонум Анн Линдеро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Подшоҳии Шветсия, ҳамчунин робитаҳо дар доираи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ба пешбурди ҳамкориҳо бо Шветсия ҳамчун шарики боэътимод дар Аврупо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунем.
Ҷонибҳо таҳкиму густариши ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро дар соҳаҳои мухталифи сиёсӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, иқтисоду тиҷорат, маориф, амният ва тағйирёбии иқлим, зарур шумурданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Анҷоми сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маликаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Елизаветаи II барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд






15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода машварати кории назди Раиси шаҳр доир гардид. Дар он муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, воҳидҳои зерсохтории он, роҳбарони корхонаву ташкилот, муассисаву идораҳо, инчунин масъулини соҳаи сохтмон иштирок намуданд.
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода бо соҳибкорони шаҳр мулоқот доир намуд.
Ҳамватанони азиз!














