Дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон ҳамоиши ҷавонон бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, маориф, гирандагони стипендияи Президентӣ, гирандагони стипендияи Раиси шаҳр, гирандагони стипендияи ҲХДТ, волонтиёрон, донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ ва ҷавонони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳр дар мавзӯи “Паём, ҷавонон ва варзиш” ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Муовини якуми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқозим Каримзода иштирорк ва суханронї намуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи интенсивӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд
- КОРВОНИ САОДАТИ МО РАВОН АСТУ РОҲИ НАҲЗАТИЁН БАСТА






Дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода бо мақсади санҷиши сатҳи омодагӣ, дониш ва сатҳи касбии ҳайати роҳбарикунанда, неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, такмили малакаи мустақилона амал намудан дар ҳама гуна вазъиятҳо дар заминаи ҶДММ «Коллеҷи тиббӣ»-и шаҳри Гулистон машқи фармондеҳӣ-ситодии мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании «Коллеҷи тиббӣ» ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода (заминларза)» ташкил ва гузаронида шуд.
Дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон маҳфили илмию адабӣ таҳти унвони «Артиши миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ» бахшида ба 28-солагии таъсисиёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати таблиғотии Шӯрои вилоятӣ ва шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он намояндагони Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Дилором Ҷабборова ва Мавлуда Шарифова иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамчунин, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, муҳофизи сохти конститутсионӣ Зариф Пӯлодов доир ба таърихи ташаккул ва таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ва ба сипари боэътимоди Ватан табдил ёфтани Артиши миллӣ, адои қарзи муқаддас – хизмати ҳатмии ҳарбӣ маърӯза намуданд.
Таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода машварати кории моҳи февралии назди Раиси шаҳр доир гардид. Дар он муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, воҳидҳои зерсохтории он, роҳбарони корхонаву ташкилот, муассисаву идораҳо, инчунин масъулини соҳаи сохтмон ва минтақаи истироҳатии шаҳр иштирок намуданд.
5 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷашни Сада ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварданд.














