31 Март 2021
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон таърихан бо анъанаҳои ҳамсоягӣ, таърихӣ, урфу одат ва ҳамзистии осоишта дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳайати давлатҳои гуногун паҳлу ба паҳлу зиндагӣ карда муштаракоти зиёд доранд. Халқҳои тоҷику қирғизро умумиятҳои зиёди фарҳангӣ, маънавӣ ва адабӣ мепайванданд. Ду халқи дӯсту ҳамсоя дар раванди тақдири таърихӣ аз осори маънавии якдигар баҳра бурда, таъсири мутақобила дар зиндагиашон ба назар мерасад.
Дар муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар баробари дастовардҳо масъалаи сарҳад ва мушкилиҳои ба он марбут ба назар мерасанд, ки аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ монда, дар даврони истиқлолият бинобар усулҳои мухталифи баррасии масъала то ҳол ҳалли худро наёфтаанд. Дар ин замина мушкилоти сарҳадӣ аксар вақт боиси суст ҳаракат намудани рушди муносибатҳои кишварҳо дар тамоми соҳаҳо гардида, ҳамзамон ба он сабаб мешавад, ки ҳар лаҳза муносибатҳои ду кишвар дар ҳоли аз назари рушд номутаносиб қарор гиранд.
Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон аз қаторкӯҳҳои паси Олой оғоз гардида, тавассути қаторкӯҳҳои Олой, Зарафшон, Туркистон ва сипас то водии Фарғона дар пайвастагии сарҳадҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон давом мекунад. Дарозии Сарҳади давлатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон тақрибан 987 км-ро ташкил медиҳад.
Аввалин маротиба сарҳад миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар рафти тақсимоти миллӣ-ҳудудии кишварҳои Осиёи Миёна бо дарназардошти омилҳои маъмурӣ, иқтисодӣ ва қавмӣ дар солҳои 1924-1929 муайян гардид. Вале ин раванд ба сабабҳои мухталиф тӯл кашида, дар самти ба назар гирифтани махсусиятҳои ҷуғрофӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва қавмии аҳолии минтақа камбудиҳо ба назар мерасанд. Дар шароити истиқлолият ҷонибҳо чунин меҳисобанд, ки танзими ҳуқуқии сарҳади давлатӣ байни ду кишвар ба рушди босуботи муносибатҳои дуҷониба ҷавобгӯ буда, масъалаҳое, ки бо делимитатсияи сарҳад ва ҳамкории сарҳадӣ алоқамандӣ доранд, мебояд доимо дар маркази таваҷҷуҳ бошанд. Онҳо қарор доданд, ки кори фаъоли Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатиро байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон идома диҳанд. Дар ташаккули иқтидори низоъомез дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон нақши калонро масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад мебозад. Тайи марҳилаи гузаштаи музокироти Тоҷикистону Қирғизистон гузаронидани хатти сарҳадӣ дар масофаи 519 км асосан дар шароитҳои кӯҳӣ мумкин гардид, ки зиёда аз 50% тӯли умумии онро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, мувофиқасозии ҷойгиршавии хатти сарҳад дар қисмати водӣ бо мушкилиҳои зиёд ҳамоҳанг мебошад, ки бартараф кардани онҳо вазифаи муҳимтарини ҳайатҳои ҳукуматӣ ба шумор меравад.
Дар робита ба ин ҷиҳати рафъи масоили мавҷуда вобаста ба мушкилоти сарҳадӣ байни кишварҳо аз соли 2000 комиссияи байниҳукуматии муайянкунӣ (делимитатсия) ва нишонагузории (демаркатсия) сарҳади давлатӣ амал менамояд, вале то ҳол танҳо нисфи сарҳади давлатӣ (аз 987 км танҳо 519 км) муайян ва тасдиқ шудааст.
Дар замони Шӯравӣ ҳамкории ҷумҳуриҳо шакли мукаммал гирифта, тамоми соҳахои ҳаёти ҷамъиятиро дар бар мегирифт. Маҳз ин сатҳ заминаи ташаккули муносибатҳои кишварҳо дар замони истиқлолият гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Ҷумҳурии Қирғизистон 7 январи соли 1993 барқарор намуда, моҳи июни ҳамон сол намояндагии дипломатиаш дар ин кишвар ба фаъолият шурӯъ кардааст. Аз оғоз ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар фазои мутақобилан судманд ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, алъон дар ҳоли рушду инкишофи сатҳи баланд қарор доранд. Дар мавриди бисёр масъалаҳои муҳимми дорои моҳияти байналмиллалӣ ва минтақавӣ манфиати ҷонибҳо ҳамоҳанг шуда, мавқеи наздик ё ин ки мушобеҳ ба вуҷуд меояд.
Дар муносибатҳои байнидавлатии ду кишвари ҳамсоя як қатор масъалаҳое буданд ва ҳастанд, ки барои ҳар ду ҷониб мушкилӣ эҷод менамоянд. Ин пеш аз ҳама, масъалаи заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарҳад бо Ҷумҳурии Қирғизистон (89 ҳазор га) мебошад, ки дар вақти шӯравӣ аз тарафи хоҷагиҳои он ба сифати чарогоҳ ва заминҳои кишт истифода мегаштанд. Ҷумҳурии Қирғизистон мавҷудияти ин мушкилиро инкор накарда зарурати ҳалли онро таъкид мекард. Ин мушкилӣ мерос ва натиҷаи муносибатҳои то ба охир мувофиқанашуда, аз лиҳози ҳуқуқӣ ва дар асоси меъёрҳои байналхалқӣ тасдиқшуда дар масъалаи сарҳадҳои давлатӣ ҳангоми тақсимоти ҳудудии Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад.
Яке аз омилҳои сар задани буҳрон дар масъалаи сарҳадӣ истифодаи чарогоҳҳо мебошад. Бо назардошти рамзӣ будани сарҳадҳо ҳангоми мавҷудияти давлати Шӯравӣ ва дастури Марказ ин чарогоҳҳо, ки дар ҳудуди Тоҷикистон буданд, ба Қирғизистон ба иҷора дода шуданд. Вобаста ба натиҷаи таҳқиқоти ҷомеашиносии Олимов М (пурсиши афкори умум дар минтақаҳои наздисарҳадӣ) мардуми мо ин чарогоҳҳоро аз рӯйи шартнома то соли 2005 ба иҷора доданд. Ҳамин хел қирғизҳо хуҷаини чарогоҳҳо шуда, ҳоло ҳеҷ касро ба ин ҷойҳо наздик шудан намемонанд. (Олимова, С. Конфликты на границах в Ферганской долине: новые причины, новые участники [Текст] / С. Олимова, М. Олимов // Конфликты и проблемы безопасности. Россия и новые государства Евразии. – 2017, №I (ХXXIV). - C. 32.)
Санадҳои бойгонӣ, харитаҳои давраи шӯравӣ собит месозанд, ки бисёр қитъаҳои замину чарогоҳ, ки ҷониби қирғиз имрӯз даъвои онро доранд аслан замини Тоҷикистон буда, онро ҷониби мо ба қирғизҳо муваққатан барои чарогоҳ иҷора дода буданд. Қирғизҳо, ки мардуми чорводоранд, чорвои мардуми тоҷикро низ дар ин чарогоҳҳои иҷорагирифтаашон мечарониданд. Аммо имрӯз онҳо ба ин заминҳо ғайриқонунӣ соҳиб шуданианд. Мутаасифона ҷониби Қирғизистон санадҳои бойгонӣ, қарорҳо, харитаҳо ва дигар санадҳои аслии ҳуқуқиро ба инобат нагирифта, ҳангоми баҳс "санаду далелҳои” бофтаву сохтаро пешниҳод карда истодааст.
Мутаасифона, даъвоҳои ҳудудӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноҳияи Исфара) ба назар мерасад. Сохтмони ғайриқонунии иншооти манзилӣ ва комуналӣ вазъи мураккабро душвортар месозанд. Умуман, байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ягон ихтилофи ҷиддӣ (ба истиснои масоили сарҳадӣ) ба назар намерасад, ки ба таври манфӣ ба вазъи умумии муносибатҳои дуҷониба таъсир расонад. Ҳар ду ҷониб манфиатдори алоқаҳои тадриҷии мутақобила, гузаронидани муносибатҳо ба сатҳи алоқаҳои амалӣ ва мунтазам дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ мебошанд.
Кашмакашҳои зиёди тӯлонӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон водор сохт, то роҳбарони ҳарду кишвар баҳри амнияту осиши минтақаҳои аҳолинишини сарҳадӣ сари гуфтушунид бинишинанд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ба манфиатҳои якдигар эҳтиром гузошта, барои ҳалли масъала қадамҳои устувор гузоштанд.
Ин вохӯрӣ рӯзи 26 – уми июли соли 2019 дар доираи сафарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Ворухи шаҳри Исфара баргузор гардид. Дар хатти Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков баргузор гардид.
Дар ин зимн сарони ду давлат ҳамчунин бо аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон мулоқот доир карданд ва бо мушкилоти дар ин мавзеъҳо мавҷуда, шинос шуда, омодагии Ҷонибҳоро барои андешидани чораҳо ҷиҳати бартараф намудани тамоми мушкилоти дар сарҳад мавҷуда таъкид карданд.
Дар ҷараёни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков доираи васеи масъалаҳои марбут ба Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд. Зимнан зарурати идома додани раванди делимитатсияи сарҳади давлатӣ, пешгирӣ намудани рӯйдодҳои ногувори наздисарҳадӣ ва садди роҳи онҳо шудан, роҳ надодан ба эҷоди вазъияти иғвоангезона дар марзҳои наздисарҳадии ду кишвар, ҳамчунин аз ҷониби мақомоти давлатии Тарафҳо ба таври доимӣ анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар мавриди ҳамзистии осоишта махсус таъкид гардид.
Пас аз ин гуфтушунид боз борҳо дар минтақаҳои сарҳадӣ нобасомониҳо рух дод, ки дар натиҷа чанд тан аз сокинони аҳолинишини кишвар ҷони худро аз даст доданд. Ин нобасомониҳо аз сӯйи кишвари ҳамсоя ба вуҷуд омаданд.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии кишвар чанд рӯз қабл зимни як нишасти хабарӣ дар мавриди аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон, изҳор доштааст, ки Комиссияи байниҳукуматӣ корҳои зиёдеро анҷом дод, аммо аз ҷониби Қирғизистон баъзе бандҳо боз лағв шудаанд.
Лозим ба зикр аст, ки 16-17 март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид . Ҳайатҳои тарафҳоро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев роҳбарӣ карданд.
Дар яке аз нишастҳои хабарӣ ҷониби Қирғизистон дар масъалаи “Ворух”, ки дар асоси далелҳои таърихӣ соф моли тоҷикон аст ду пешниҳод намудааст: "Якум, мо бар асоси қонун марзи онро чен мекунем ва он дигар васеъ намешавад. Вале мо аз ҳудуди худ, танҳо барои истифода ба онҷо роҳ боз мекунем, то онҳо битавонанд ворид шаванд". Дувум "Мо омодаем Ворухро иваз кунем. Агар онҳо ҳудуди онро дар ихтиёри мо бигузоранд, ки 12 ҳазор ҳектор аст, мо ҳам омодаем 12 ҳазор гектарро дар ноҳияҳои дигари вилояти Бодканд бидиҳем. Мо ҳатто рӯйхати ин мавзеъҳоро додем. Вале ҷониби Тоҷикистон то кунун посух надодааст".
Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон доир ба ин масъала изҳори назари хусусӣ намудааст, ки: “Бар асоси бархе санадҳои таърихӣ, сиёсӣ ва ҷуғрофӣ қаламрави Ворух ҳеч гоҳ анклав набудааст ва танҳо замони шӯравӣ бархе кӯчманчиёни қирғизро ба чарогоҳҳои Тоҷикистон роҳ дода буданд, ки баъдан дар он ҷо маскан шудаанду дар ҳамдигарфаҳмӣ бо бародарони тоҷикашон иқомат кардаанд. Набояд дар хулосабарорӣ шитоб кард, чун тоҷикону қирғизҳо садсолаҳо канори ҳам дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кардаанд, дасти ҳам гирифтаанд, ки фаромӯш намешавад.
Ҷонибҳоро мебояд дар ин масъала ба санаду далелҳои таърихӣ такя намуда, санадҳои ҳуқуқиро эътироф намоянд ва ин мушкилоти солҳои тӯлонӣ боқимондаро дар асоси адолати таърихӣ ҳаллу фасл намоянд. Сокинони ҳарду кишварро низ мебояд, ки дар роҳи мусоҳилаомез ҳал гардидани масъала саҳм гузоранд ва ба амалҳои иғвобарангезона даст назананд. Доир ба ин масъала Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар яке аз вохӯриҳои худ бо сокинон чунин иброз доштааст: "Ҳангоми муайян кардани марзҳо хат метавонад дар маркази як деҳа ё қад-қади он гузарад. Ҳамин тариқ, 5-10 хона ё боғи касеро "буридан" мумкин аст. Шаҳрвандон бояд инро бо фаҳмиш ва бидуни хашм қабул кунанд. Барои ҳифзи якпорчагии давлат ва муайян кардани марзҳо, сокинони маҳаллӣ бояд ба корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд ва барои кӯчидан розӣ шаванд".
Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик дар тӯли мавҷудияти хеш ба сари ҳеҷ қавму миллате ҳуҷум накардааст ва бовуҷуди борҳо гирифтори зулму ситами аҷнабиён гардидан ин моҷароҳо сарбаландона пушти сар намудааст. Доир ба ин рисолати таърихии халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштаанд, ки: «Таърих гувоҳ аст, ки дар тўли ҳазорсолаҳо ойини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, бозэҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Ин рисолати таърихиро, ки дар раванди давлатдории ҷаҳон назир надорад, метавон рисолати давлатдории тоҷикон номид».
Тоҷикон барои як зарра хоки худ талош хоҳанд кард, вале чашми ҳасудӣ бар мулки бегона надоштанд, надоранд ва нахоҳанд дошт. Мо ҷавонони бо нангу номуси тоҷик омода ҳастем, ки барои ҳифзи ҳар зарра хоки муқаддаси ватани худ, ки мероси ниёгонамон аст ҷони худро дареғ надорем.
Аҳлиддин АБДУРАҲМОНОВ,
мудири бахши кор бо ҷавонон
ва варзиши шаҳри Гулистон
Фаридуншоҳ АБДУЛЛОЕВ,
мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон