Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқӣ ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон оғоз бахшиданд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҷумъабой Абдулҳакимов бунёд гардидааст.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ аз 15 то 18 тонна маҳсулоти босифати ғизоиро дар бар мегирад. Дар корхонаи нави саноатӣ 22 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд, ки аксари онҳоро занону бонувони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Бонувон хушнуд аз онанд, ки бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, маҳсулоти бомаззаи ватанӣ истеҳсол менамоянд.







Дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш конфренсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯӣ “Паём, ҷавонон ва манфиатҳои миллӣ” ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26-уми январи соли ҷорӣ ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид баргузор карда шуд.
Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол” тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр ҷиҳати таблиғу ташвиқи ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021 мулоқоти гурӯҳи тарғиботӣ бо фаъолони шаҳри Гулистон доир гардид.
Дар Паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки “мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем”.














