Кирдорҳои ба доираи инсонӣ ноғунҷонро кӣ ба бор меоварад? Ин суолест, ки ҷавоби дастаҷамъонаро аз ҳар як шахси солим талаб мекунад: терроризм ва ифротгароӣ, ки ба ҷисму ҷони одам, ба фазои ороми кишвар, ба пешрафту шукуфоии ҳаёт бераҳмона таҳдид менамояд, ин аст кирдор, амал ва мақсадҳои нопоки тӯда ва ё гурӯҳи ҷоҳилону разилон шинохта шудааст.
Аз васоити ахбори омма маълум аст, ки имрӯзҳо дар як қатор давлатҳои ҷаҳон ҷангҳои харобиовару бераҳмиву бешафқатиҳои зиёд давом мекунад. Ин боиси қурбониҳо ва аз даст додани ҳаёту ҷони ҳазорҳо-ҳазор одамони бегуноҳ, занону кӯдакони маъсум шуда истодааст. Ҳарчанд тамоми давлатҳо барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуби замон-терроризм ва ифротгароӣ тадбирҳои мушаххас меандешанд, мутаассифона хатару даҳшату тарсу ҳарос беш аз пеш авҷ гирифта истодааст-ин проблемаи хеле бузург аст.






Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ дар шаҳри Гулистон бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди иншооти гуногун шинос гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” шинос гардид.
Ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон таҳти шиори «1300 – рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои ободониву бунёдкорӣ ҷараён дорад.
7 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони “Истиқлол” шинос шуда, дарахт шинониданд.













