Дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон семинари омӯзишӣ барои мудирон ва ёрдамчиён, дастурдиҳанда-назоратчиён ва ҳисобчиёни маҳаллӣ баргузор гардид.
Дар семинар сардори Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Инобат Турсунбоева, сармутахассиси шуъбаи кишоварзии Сарраёсати Агентиии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Нарзулло Абдуллоев, мудири бахши омори шаҳри Гулистон Матлуба Зайниддинӣ, сармутахассиси Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар шаҳри Гулистон Умед Иброгимов доир ба мақсад ва принсипҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ, тартиб ва низоми пур кардани ҳуҷҷатҳои барӯйхатгирии истиқоматкунандагони бино ва шароити манзили аҳолӣ, мураттабсозии дафтарчаҳои қайди мудири шуъбаи барӯйхатгирӣ, қайди ҳисобчӣ, қайди дастурдиҳанда-назоратчӣ ва амсоли ин суханронӣ намуданд.






Дар шаҳри Гулистон тибқи нақшаи чорабиниҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзӯъҳои «Ҳуқуқи интихоботии худро дон, «Ҳуқуқи баробари интихоботӣ асоси сиёсати гендерӣ» бо иштироки раисон, муовинон, котибон ва аъзои комиссияҳои участкавӣ, ҳавзавӣ, шахсони масъул, фаъолзанон ва ҷавонон доир гардид.
18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор Боғи фарҳангӣ-фароғатии зимистонаи “Шаршара”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар ҳамин ҷо бо кӯдакони ятими кулл мулоқот намуданд.
18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ҳисор мулоқот карданд.
18 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҷавонон ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти шири Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Авитсенна” оғоз бахшиданд.















