15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт дар деҳоти Ошоба аз токзори навбунёд ва боғи интенсивӣ дар хоҷагии деҳқонии “Олами ангур” боздид намуданд.
Токзор ва боғи интенсивӣ дар ноҳияи Ашт аз ҷониби бародарон — соҳибкорон — Зайналобиддин, Толибҷон ва Бахтиёр Махсудҷоновҳо дар доираи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи мақсадноку пурсамари замин ва ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида бунёд карда шудааст.
Масоҳати боғи навбунёд дар маҷмӯъ 15 гектарро дар бар мегирад ва дар се гектари он 1500 адад ниҳоли бодоми навъи аъло шинонида шудааст.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияи Мастчоҳро бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ифтитоҳ намуданд ва бо сокинону фаъолони ноҳия мулоқот карданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ Қасри фарҳангро ифтитоҳ карданд






15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 дар деҳоти Понғоз ба маркази ноҳияи Ашт — шаҳраки Шайдон ташриф оварданд.
15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Вақте дар бораи Истиқлолияти давлатӣ сухан меронем, мо бояд сараввал нигоҳе ба таърих карда, бо ғурури миллӣ ва ифтихор иброз намоем, ки тоҷикон аз қадим соҳиби тамаддуни фанонопазир ва давлати мустақил буданд. Тӯли қарнҳо ин миллат асолати хешро нигоҳ дошта, солҳои 90-уми асри ХХ ба давраи навини Истиқлолияти хеш қадам ниҳодааст.















