Матни равон

Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид.

Ин рамзҳо аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.

Рамзи якум арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамояд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.

Дар асоси хулосаҳои донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз аз миёни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва паррандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад — омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум оғоз гардид.

Раиси иҷлосия, Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода баъди гузаронидани муқаррароти пешбинишуда, иттилоъ дод, ки дар кори иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум аз 35 нафар вакилони интихобшуда 34 вакил иштирок дорад ва 1 нафар бо сабабҳои узрнок ҳузур надорад. Ҳамчунин дар кори иҷлосия роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, намояндагони воситаҳои ахбори умум даъват шудаанд.  Дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси шаҳрӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардори идораи замини вилояти Суғд Ҷамшед Умарзода низ ширкат дорад.

Рӯзҳои истироҳат дар бозори марказии шаҳри Гулистон ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда дар чорабинии мазкур корхонаи саноатии ҶДММ “Фаровон-1” бо пешниҳоди 3,5 тонна орд ва 2 ҳазор дона тухм, ҶСК “Моҳипарварии Гулистон” бо дархости гулистониён 0,1 тонна моҳӣ, соҳибкорони маҳаллӣ 3,0 тонна картошка, 1,0 тонна сабзӣ, 2,0 тонна пиёз,0,5 тонна равғани пахта, 0,2 тонна гӯшти гов, 0,1 тонна гӯшти гӯсфанд, 0,1 тонна ҳасиб, 0,1 тонна сабзавоти гуногун, 0,2 тонна биринҷ, ва 0,2 тонна мевадор, дар маҷмӯъ зиёда аз 9,2 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ бо нархҳои дастрас ба аҳолӣ пешкаш намуданд.  Аз ҷумла, нархи нархи як халта орд (50кг) 180 сомонӣ ва  нархи 1 кг равған  11 сомонию 60 дирам буд.

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма!

Соли 26-умин аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯзи 11-уми март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик қайд карда мешавад. Дар раванди муносибатҳои сиёсии ҷомеа воситаҳои  ахбори омма, ки яке аз институтҳои сиёсии ҷомеаи муосир ба шумор рафта, нақши барҷаста дорад. Тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ рушди устувори ҷомеа воситаҳои  ахбори оммаро  ба яке аз воситаҳои  муҳими таҷассумгари ҳаёти ҷомеа табдил додааст. Имрӯз намояндагони васоити ахбори омма сипари боэътимоди ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, дастовардҳои истиқлолияти кишвари азизамон мебошад. Алҳол дар майдони матбуоти кишвари соҳибистиқлоламон беш аз 600 рӯзномаю маҷаллаи давлатӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ, соҳавӣ ба нашр расида, бо инъикоси мавзӯъҳои гуногун дар самти огоҳию камолоти маънавии мардум ва пешрафти хоҷагии халқи мамлакат саҳми босазо мегузоранд.

Дар ин замина мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр матбуотро ба таври доимӣ дастгирӣ мекунад, барои беҳтар шудани шароити меҳнатии рӯзноманигорон, базаи моддию техникии идораи ягона рӯзномаи расмии шаҳр – «Соҳил» ҳамаҷониба ёрӣ мерасонад.

Дирӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ба муносибати Рӯзи Модар бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ занону духтарони мамлакатро ба муносибати Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, нақши зан-модари тоҷикро дар ҳифзи музафариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории навини миллӣ бузургу беназир арзёбӣ намуданд.

Тавре таъкид гардид, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр намуда, ба сиришти поку номи нек ва заҳмату фидокориҳои онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳамеша арҷ мегузорад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:266
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3509
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:266
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:18539
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:15085
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8759812

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?