Матни равон

Бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ҷамоати шаҳраки калонтарини Гулистон - Адрасмон Раиси шаҳри Фирдавс Шарифзода ба ин шаҳрак сафари корӣ намуд.

Дар ибтидо Раиси шаҳр бо ҷараёни корҳои сохтмонии толори варзишии навбунёд дар муассисаи таълимии № 12-и деҳаи Зарчашмаи шаҳраки Адрасмон, ки аз тарафи соҳибкорон Илҳом Мирзоев, Мансур Холмуродов ва сокинони саховатманди деҳа дар маҷмӯъ бо маблағи 171 ҳазор сомонӣ  буёнд мегардад, шинос гардида, доир ба вусъати корҳо, ободонии муассиса дастуру супоришҳо дод.

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар маҷлиси фаврию ѓайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи корӣ бо иштироки муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохтории шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва дигар шахсони масъул доир гардид.

Маҷлиси кориро Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ифтитоҳ намуд. Зикр гардид, ки дар маҷлиси фаврию ѓайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат оид ба муҳимтарин паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, пешгирии ҳамагуна таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла “вабои аср - коронавирус” ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа дастуру ҳидоятҳо доданд.

Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни гулҳо — «Сайри гули лола» дар ҷумҳурӣ барпо гардид. Ҳамчунин аз рӯйи номинатсияҳои «Гулпарвари беҳтарин», «Гулгашту хиёбони беҳтарин», «Боғи фарҳангиву фароғатии беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» «Ноҳияи беҳтарин» ва дигар бахшҳо ғолибон муайян гардида, бо туҳфа ва сипоснома қадрдонӣ шуданд.

Дар маросим роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба баргузор намудани озмуни мазкур Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини якуми роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, намояндагони тамоми вазорату идораҳо, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва гулпарварони ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

17 апрел Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар асоси моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” то интихоб шудани Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум таҳти раисии калонсолтарин узви Маҷлиси миллӣ Низом Қосим оғоз гардид.

Тавре иттилоъ дода будем, рӯзи 27 марти соли 2020 интихоботи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда буд. Дар он 25 нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, рӯзи 15 апрели соли 2020 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд, ки ҳамагӣ 31 нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва таъингардида, дар толор ширкат доштанд.

ДУШАНБЕ, 17.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус (COVID-19) дар Тоҷикистон имрӯз Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №2 қарор ба имзо расонид, ки матни онро дар зер манзур менамоем.

— Вобаста ба вазъияти бавуҷудомада доир ба  паҳншавии бемории сироятии коруно тибқи таҷрибаи кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки намозгузориро дар масҷидҳо манъ кардаанд, зарурати муваққатан қатъи хондани намоз дар кишвари мо пеш омадааст. Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ чунин тадбирро амалӣ кардаанд. Идораи мусулмонони Ӯзбекистон ҳамчунин доир ба манъи маросими ҳаҷ дар соли 2020 қарори дахлдор ба тасвиб расонид.

Ин ҳама амалҳои фавриву саривақтӣ танҳо ба хотири ҳифзи саломатӣ ва наҷот бахшидани одамон аз бемории сироятии короновирус мебошад, ки дар ҳақиқат то ба имрӯз ҷони ҳазорҳо нафарро аз байн бурда, садҳо корхонаҳо бекор мондааст. Ба ғайр аз ин мардуми зиёд бо иллати наҷот ёфтан аз офате, ки назирашро инсоният ёд надорад,  дар хонаҳои худ «ҳабс» шуда, умедвори ҳар чи тезтар халос шудан аз ин балоро доранд. Мо низ бояд дар пайи офияти мардум ва ҳимояи шаҳрвандони худ тамоми чораҳоро мавриди истифода қарор диҳем, то аз ин вабои аср худамон, фарзандонамон, падару модарон ва умуман тамоми сокинони мамлакатамонро новобаста аз мазҳабу дин наҷот бахшем ва Ватани азизамонро аз ҳама хатарҳо ҳифз намоем.

Тибқи фармудаҳои шариати Ислом ҳифзи саломатии инсон дар мартабаи аввал меистад. Дар ин маврид дар Қуръони карим омадааст: «Ва хештанро бо дастҳои худ ба (вартаи) ҳалокат маафканед» (Сураи Бақара, ояти 195).

Дар чунин вазъият, ки  ҳифзи саломатӣ фарз аст ва намози ҷамоат суннат мебошад, бояд сиҳатии ҳар як бандаи муъмин ҳимоя ва ҳифз шавад. Вобаста ба ин риоя намудани тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб низ муҳим мебошад. Чунонки Худованди таъоло мефармояд: «… агар намедонед, пас, аз аҳли дониш суол кунед» (Сураи «Наҳл», ояти 43).

Шароити мавҷударо ба инобат гирифта, ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии коруно, ки онро «фоҷиаи аср» номидаанд, Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Гузоридани намозҳои ҷамоат — панҷвақта, ҷумъа ва таровеҳ дар масҷидҳои кишвар ва ҷамоатхонаҳо то беҳбуд ёфтани вазъият аз рӯзи 18 апрели соли 2020 манъ карда шавад.
  2. Дар моҳи Рамазон баргузор намудани ҳар гуна ҷамъомад — таровеҳ, ифтор, идгардак ва дигар маъракаҳо манъ карда шавад.
  3. Закот, садақаи фитр ва дигар хайрияҳо ба шахсони ниёзманд, ятимон, бепарасторон, маъюбон дода шавад. Шахсони саховатманд метавонанд садақа ва закоти худро барои пешгирии бемории сироятии мазкур ба суратҳисоби хазинаи махсус гузаронанд.
  4. Шаҳрвандоне, ки нияти ҳаҷ доштанд, бо сабаби пурра баста шудани зиёрати хонаи Худо “Масҷид-ул-Ҳарам” маблағҳои ба ин ният ҷамъкардаи худро, аввал дар корҳои ободонии хонаву дари хеш, баъдан, барои амалҳои хайру савоб, ба монанди овардани об, кандани чоҳ, сохтани пул ва дигар корҳои хайриявии деҳаву маҳалли худ, ки ҳар кадом садақаи ҷория мебошад, сарф намоянд.
  5. Тавсияҳои табибон ва тадбирҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳангоми рӯзадорӣ ва дигар маросим қатъиян риоя карда шаванд.
  6. Вобаста ба рӯзадорӣ Шӯрои уламо тавсияҳои худро сари вақт омода карда, пеш аз саршавии моҳи мубораки Рамазон онҳоро ба тасвиб расонад.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода

№2 аз 17 апрели соли 2020

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2875
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2336
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8137
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22816
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:43777
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:73368
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8943839

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?