Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи телевизион ва радио ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварда, кадрҳои ба вазифаҳои масъули давлатӣ таъингардидаро барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Саиднахш ба вазифаи муовини вазири корҳои дохилӣ, Муҳсинзода Ғафур ба вазифаи муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ализода Самариддин ва Абдусаматзода Зулфия ба вазифаи муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъин карда шуданд. Умарзода Саида аз вазифаи муовини якум, Одиназода Азиз ва Камолзода Мирҳамуддин аз вазифаи муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардиданд.
Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддинзода Субҳиддин муовини якум ва Рустамзода Дилафрӯз муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъин гардида, Бобошоҳзода Маҳмадшариф ва Бақозода Сайрам аз вазифаҳои муовини якум ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио озод карда шуданд.





















