Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маҷмааи хизматрасонии «Гулистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат бо шароити дар марказ фароҳамовардашуда шинос гардида, бо кормандони маҷмааи хизматрасонӣ аз наздик суҳбат намуданд.
Иброз гардид, ки иншооти нав дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдусамӣ Раҳмонов бунёд шуда, аз чор ошёна иборат мебошад. Ошёнаи аввал барои хизматрасониҳои бонкӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ин ҷо мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонии бонкдорӣ ҷиҳати қабули мизоҷон, расонидани хизмат ба онҳо ва анҷом додани дигар амалиётҳои бонкӣ шароит фароҳам оварда шудааст.






Дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ба истифода доданд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боз як иншооти тиббии дигар — бинои дуошёнаи Беморхонаи сироятии ноҳиявиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Боздиди кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз ёфт.
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.















