Пас аз мавриди истифода қарор додани як зумра иншооти нави истеҳсолию иҷтимоӣ, шиносоӣ бо рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва вазъи зиндагии сокинон, дар рӯзи чоруми сафари худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи миллии Ваҳдат бо роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, сохтору мақомот ва фаъолон мулоқот анҷом доданд.
Ҳангоми суханронӣ Пешвои миллат тамоми соҳаҳо ва паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии вилоятро таҳлилу баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва боз ҳам суръат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд. Аз ҷумла ба иттилои Роҳбари давлат, новобаста ба он ки дар шароити паҳншавии бемории нави коронавирус аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар чораҳои фаврӣ ва саривақтӣ андешида шуданд, вале паёмадҳои манфии он ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии сокинони вилояти Суғд низ расонданд.






Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии истироҳатии ҶДММ «Баҳористон», ки дар соҳили «Баҳри Тоҷик» воқеъ аст, шинос шуданд.
Имрӯз дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо фаъолияти корхонаи мавсимии «Баракат» шинос шуданд.
Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи «Заркор»-и Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии Ғулом Тӯрабоев шинос шуданд.















