Яке аз зуҳуроте, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст, терроризми байналмиллалӣ мебошад. Истилоҳи террор аз воҷаи лотинии «tӯққoқ» баромада, дар забони тоҷикӣ мазмунан маънои тарс, даҳшат ва ҳаросро ифода мекунад. Дар байни муҳаққиқон оид ба замони пайдоиши терроризм гуногунақидагӣ ҷой дорад. Онҳое, ки ҳама гуна куштори сиёсиро чун терроризм эътироф менамоянд, дар асоси ин маҳак онро ба замони атиқа марбут медонанд. Гурӯҳи дигар терроризмро зуҳуроти охири асри ХХ медонанд. Таърихнигори фаронсавӣ М. Ферро терроризмро бо фаъолияти махфии исмоилиҳо (махсусан асатинҳо) дар асрҳои 11-12 алоқаманд медонад. Н. Неймарк бошад, пайдоиши ин зуҳуротро ба давраи пас аз ислоҳоти наполеонӣ вобаста медонад.
А.А.Королев қайд мекунад, ки ҳанӯз 340 сол пеш аз солшумории мо падари Искандари Мақдунӣ дар натиҷаи амали террористӣ ба ҳалокат расидааст. Таҳлилгарони дигар аввалин гурӯҳи муташаккили террористиро гурӯҳи яҳудии Сикариев, ки дар асри 1 то мелод дар Яҳудия амал мекард, эътироф менамоянд. Аъзои ин гурӯҳи террористӣ намояндагони донишманди яҳудиро, ки мехостанд бо римиҳо сулҳ баста шавад, ба дуршавӣ аз дин ва нодида гирифтани манфиатҳои миллӣ гунаҳкор дониста, ба қатл мерасонанд. Онҳо ба сифати силоҳ ханҷар ё «сику» шамшери кӯтоҳро истифода мебурданд. Дар фаъолияти сикаревчиён унсурҳои фанатизми динӣ ва терроризми сиёсӣ ба чашм мерасид.






Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид.
Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум оғоз гардид.
Рӯзҳои истироҳат дар бозори марказии шаҳри Гулистон ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил ва баргузор карда шуд.















